Қабули қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар таҳрири нав
Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», ки аз сӯи Ҳукумати мамлакат ба Парлумон ироа гардидааст, имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардид.Масъалаи мазкурро Руҳуллоҳ Ҳакимов -муовини вазири молияи ҷумҳурӣ ва вакилони Парлумон Сафаралӣ Гулов ва Дилшод Исматуллоев тавзеҳ дода гуфтанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар асоси таҳлили пешакии қонуни амалкунандаи ҷумҳурӣ ва Стратегияи «Ҷорӣ намудани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.Лоиҳаи нави қонун дорои 4 боб ва 32 модда аст. Қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба рушди ояндаи фаъолияти аудиторӣ ва гузаронидани санҷиши аудитории нисбатан босифат таъсири мусбат расонида, барои мустақилияти аудиторон зимни тайёр намудани ҳисоботи аудиторӣ шароит фароҳам меоварад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” дар таҳрири нав ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторист. Лоиҳаи нави қонун ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои касбии аудиторон, тартиби аккредитатсиякунонии онҳо, тартиби гузаронидани назорат ва пешниҳод намудани ҳисобот аз тарафи онҳо, салоҳияти мақоми ваколатдорро танзим менамояд. Тибқи лоиҳаи нави қонун минбаъд аудитро танҳо аудиторе, мегузаронад, ки дорои таҷриба ва собиқаи калони корӣ буда, доғи судӣ надошта бошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






