$12 млн. барои беҳсозии хизматрасонии обтаъминкунӣ
Душанбе, 24 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаҳои кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2 ва созишномаҳои қарзӣ (кредитӣ) байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима шуданд. Ин санадҳо бо мақсади бечуну чаро ва сари вақт пардохт намудани қисми маблағ ё маблағи пурраи қарзро мувофиқи Созишномаи кредитӣ, ё дар муҳлати муқарраршуда ва ё дар муддати кӯтоҳтар, ё ба таври дигар, саривақт иҷро намудани ҳамаи уҳдадориҳои қарзгирро, ки дар созишномаи кредитӣ пешбинӣ шудаанд, кафолат медиҳад. Зикр гардид, ки КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (қарзгир) лоиҳаеро татбиқ мекунад, ки махсус барои он таҳия шуда, ба қарзгир дар беҳтар намудани сифати хизматрасонии обтаъминкунии шаҳрҳои Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан ва Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон кӯмак мерасонад. Инчунин дар созишномаи кредитӣ байни қарзгир ва Бонк («Созишномаи кредитӣ», тавре дар муқаррарот ва Шартҳои Стандартӣ омадааст), Бонк розигӣ медиҳад, ки ба қарзгир ба маблағи 12 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намояд. Аз ҷумла, 7 миллион доллари ИМА барои шаҳрҳои шимоли ҷумҳурӣ ва 5 миллион доллари ИМА барои ноҳияҳои ҷануби кишвар, мувофиқи муқаррарот ва шартҳои созишнома, пешбинӣ шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






