Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Кувейт

Июнь 20, 2013 11:14

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар ҳошияи сафари корӣ ба Кувейт бо раиси кулли Палатаи савдо ва саноати Кувейт Ҳамад — ал — Умар мулоқот намуд. Тавре ки аз маркази Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони мулоқот самтҳои дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон перомуни самтҳои ояндадори рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва вазъи сармоягузорӣ нақл кард. Зимни мулоқот зикр шуд, ки бояд ба масъалаи рафъи душвориҳои мавҷудаи ҳамкории ҳар ду кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

Июнь 20, 2013 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш