Ҳамоиши байналмилалӣ анҷом ёфт

Июнь 11, 2013 11:37

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Маскав Ҳамоиши ҳафтуми байналмилалии «EXPO -2013» (ЭКСПО — 2013) анҷом ёфт. Дар кори он раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ширкат дошт. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши «ЭКСПО» воқеаи муҳими ҷомеаи ҷаҳон гардид. Мақсад аз ҳамоиш ҳалли масоили тезонидани ҳамгироии Русия ва кишварҳои ИДМ ба иқтисодиёти ҷаҳон, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ва ғайра мебошад. Дар ҳошияи ҳамоиш конфронс, мизи мудаввар ва семинарҳо бо иштироки роҳбарони ширкатҳои асосии хориҷӣ ва Русия доир шуданд. Қобили зикр аст, ки тайи якчанд соли охир Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи бахшҳои мухталифи иқтисодиёт беш аз 200 намоишгоҳ доир намуд, ки дар ҷараёни онҳо мулоқотҳои аҳли тиҷорат баргузор гардида, масоили рушди тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин самтҳои дурнамои ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Июнь 11, 2013 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш