Ҷаласа бахшида ба мавзӯи пиряхҳо дар Ню-Йорк
Душанбе, 4 июн (АМИТ «Ховар»).- 31 майи соли 2013 дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ва дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои доимии кишварҳои Кумитаи ҳидояткунандаи Гуруҳи «Дӯстони об» (Финляндия, Маҷористон ва Таиланд), инчунин Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO), Шарикии ҷаҳонии об (Global Water Partnership), Маркази байналмилалии рушди куҳистон (ICIMOD, International Centre for Integrated Mountain Development) ва созмони ғайридавлатии Vox Naturae (Исландия) ҷаласаи махсус дар мавзӯи «Чолишҳои марбут ба коҳиши пиряхҳо, захираҳои барф ва таъсири ин раванд ба захираҳои оби тоза, офатҳои табиӣ, маишати мардум ва экосистема» (The Challenge of Declining Ice, Glaciers and Snow and How We Can Respond to It: Impact on Fresh Water Resources, Natural Hazards, Livelihoods and Ecosystems) баргузор гардид. Ҷаласаро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷидин Аслов ифтитоҳ намуда, тазаккур дод, ки масъалаи коҳиши пиряхҳо ва таъсири он ба тағйироти иқлим ва захираҳои обӣ дар ҷаҳон, махсусан дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки тайи 35-40 соли охир 35 дарсади пиряхҳои он об шудааст, боиси нигаронист. Идомаи раванди мазкур бо назардошти афзоиши истеъмоли об, коҳиши захираҳои обӣ ва афзоиши аҳолӣ наслҳои ояндаи Осиёи Марказиро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард. Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон зимни ҳамоишҳои гуногуни сатҳи баланд ва дар мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи Умумии СММ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки ҷиҳати таҳкими талошҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои ҳалли ин мушкилот Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо созмон дода шавад. Дар ҷаласа муовини Дабири кулл ва Намояндаи олии кишварҳои камтараққикарда, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва давлатҳои хурди ҷазиравии Гиян, Чандра, Ачария, мудири бахши рушди устувори Дафтари умури иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Никҳил Сетҳ, профессори Донишгоҳи Мичиган, узви Ниҳоди байнидавлатии тағйироти иқлим (Intergovernmental Panel on Climate Change) ва муаллифи китоби “Ҷаҳони беях” (World Without Ice) Ҳенрӣ Поллак, коршиноси Дафтари мудирияти офатҳои табиии Бонки ҷаҳонӣ Соурабҳ Донӣ, муассиси Созмони ғайридавлатии Vox Naturae (Исландия) Палл Давидссон, сухангӯ ва раиси собиқи Шарикии ҷаҳонии об (Global Water Partnership) Летисия Обенг оид ба нақши пиряхҳо дар тавозуни иқлими сайёра, хатари обшавии пиряхҳо ва оқибатҳои ин раванд ба муҳити зист ва ҳаёти инсоният, инчунин роҳҳои пешгирӣ ва мудирияти паёмадҳои коҳиши пиряхҳо гузориш доданд. Гузоришдиҳандагон ба зарурати мубодилаи иттилоот дар бораи тағйирёбии криосфераи замин, талошҳои муштарак ҷиҳати коҳиши таъсири обшавии яху барф, тавсеаи огаҳии ҷомеа аз оқибатҳои коҳиши пиряхҳо таъкид карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






