Ҷаласаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ

Июнь 11, 2013 11:31

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар ҷаласаи навбатии клуби матбуоти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) масоили маблағгузории муассисаҳои қарздиҳанда, аз ҷумла аввалин муассисаи қарздиҳию иттилоотии «Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт. Журналистон зимни барномаи клуби матбуот лоиҳаи «Таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон» — ро низ муҳокима намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа журналистон хотирнишон сохтанд, ки соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи муассисаҳои қарздиҳанда» қабул шуда, заминаи табодули иттилооти бахши қарздиҳӣ гузошта шуда буд.Хотирнишон месозем, ки Ширкати байналмилалии «CRIF» (КРИФ) ширкати ҷаҳонӣ буда, барои рушди ҳисоботи қарздиҳӣ ва низоми дастгирии қарорҳои махсус тахассус ёфтааст. Ширкати мазкур, ки соли 1988 дар шаҳри Болоняи Италиё таъсис ёфта буд, дар чор қитъа фаъолият дошта, беш аз 2400 бонку муассисаҳои молиявии ҷаҳон аз хидматрасонии он бархӯрдоранд.

Июнь 11, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш