Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ

Июнь 25, 2013 11:45

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар»). – 24 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаи кори ФФТ тайи нимаи аввали соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Таҳлили натиҷаи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2013 нишон медиҳад, ки дар ташкилоту раёсатҳои футболи ҷумҳурӣ нуқсонҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Кумитаи иҷроияи эътироф намуд, ки яке аз нуқсонҳои ҷиддиии фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз тафтиш нашудани иншоотҳои варзишӣ ва вазъи инфрасохтори клубҳои футболи лигаи олӣ ва якум ба шумор меравад. Кумитаи иҷроия ҳамчунин камбудию нуқсонҳои зиёдеро дар амри омодагии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти расмии байналмилалӣ ошкор намуд. Бо фармони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ноиби президенти ФФТ Валерий Турсунов унвони Корманди фахрии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дода шуд. Президенти клуби футболи «Регар – ТадАЗ» Шариф Назаров дипломи фахриро дар вазъияти ботантана ба Валерий Юлдошевич Турсунов супурд.

Июнь 25, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш