Ҷалби «Lafarge» ба бозори масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон

Июнь 18, 2013 09:23

Душанбе, 18 июн (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов чанде қабл бо директори кишварии ширкати «Lafarge» дар Покистон Амр Реда ва ҳайъати роҳбарикунандаи ин ширкат мулоқот намуд. Сафири Тоҷикистон дар бораи заминаи ҳуқуқии ташвиқ ва ҳифзи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, воситаҳои дастгирии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои хориҷӣ дар бобати ба роҳ мондани истеҳсолот маълумот дода, имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мауаррифӣ кард. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи нақша ва гузаронидаги маҷмӯи чорабиниҳоро муҳокима намуданд. Мавриди зикр аст, ки ширкати «Lafarge» истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ буда, яке аз мавқеъҳои намоёнро дар ҷахон ишғол менамояд ва намояндагиҳои он дар 78 кишвари дунё фаъолият доранд.

Июнь 18, 2013 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш