Ҷинояткории байни ноболиғон

Июнь 10, 2013 11:24

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муовини сардори Раёсати ҷилавгирии қонуншиканӣ байни ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назаров дар ҷараёни семинар аз вазъияти афзудани ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Давлат Назаров зикр намуд, ки ҷинояткории байни ноболиғон то ҳол яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Мувофиқи суханони мавсуф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз оғози соли ҷорӣ 1739 ҳодисаи ҷинояткории байни ноболиғону ҷавононро ба қайд гирифтаанд. Тавре ки Давлат Назаров зикр намуд, дар робита бо ин соли ҷорӣ 2600 нафар волидайн барои вайрон намудани қонун «Дар бораи масъулияти волидайн барои таълиму тарбияи кӯдакон» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Июнь 10, 2013 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш