13 квотаи президентӣ ба Нуробод

Июнь 17, 2013 14:23

Нуробод, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири маорифи ноҳияи Нуробод Қурбонгул Муллочаева иттилоъ дод, соли ҷорӣ 579 нафар хонанда мактабҳои ҳудуди ноҳияро хатм намуданд. Вай афзуд, ки то имрӯз бо квотаи президентӣ зиёда аз 80 нафар духтарон ба мактабҳои олӣ ҷалб шуданд. Имсол бошад, 13 нафар ҷавонон шомили донишгоҳҳои олӣ мегарданд.

Июнь 17, 2013 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш