130 ҷавон дар «Шоҳроҳи Ваҳдат»
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Вечерка» ва маркази фарҳангии «Аржанг» санаҳои 29 -30 июн аксияи автопробегии «Шоҳроҳи Ваҳдат» баргузор мегардад.Аксияи мазкур бори аввал баргузор шуда, иштирокчиёни он тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук интихоб шудаанд. Дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 130 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи мамлакат дастаҷамъона бо воситаи нақлиётҳои шахсӣ тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ ба вилояти Суғд сафар менамоянд. Дар ноҳияи Шаҳристон ҷавонони вилояти Суғд иштирокчиёни аксияро истиқбол намуда, баъдан аз шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Қайроққум ва маҷмааи таърихии Қасри Арбоб дидан менамоянд. Ҳамчунин дар доираи аксия баргузории як дебат ва конфронс дар мавзӯи «Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон ва роҳҳои самаранок истифода бурдани он» дар назар аст.Мақсад аз баргузории аксияи мазкур тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, огоҳ будан аз ҷойҳои таърихии кишвар ва бо ин васила аз байн бурдани сарҳадҳо миёни минтақаҳои мамлакат, таъмини ваҳдати ягонаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.Шарикони расмии аксияи автопробегии «Шоҳроҳи Ваҳдат» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ мебошанд. Ширкати мобилии «Тсеll» ва Ширкати «Фароз» ба сифати сарпарастони расмӣ ширкат меварзанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






