22 квотаҳои президентӣ барои хатмкунандагон

Июнь 17, 2013 13:43

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 22 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ барои таҳсил дар донишкадаҳои олии пойтахт квотаҳои президентӣ гирифтанд. Мувофиқи суханони раиси ноҳия Сӯҳроб Охунов, аз ҷумлаи шумораи умумии хатмкунандагоне, ки аз квотаҳои президентӣ бархӯрдоранд, 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.Ҳангоми тақсими квотаҳо ба фарзандони сокинони ҷамоату деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Июнь 17, 2013 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш