31 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Сеул

Июнь 7, 2013 09:56

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Варзишгарони тоҷик, ки дар чемпионати Осиё аз 31-уми май то 3-юми июни соли равон дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ ширкат доштанд, бо натиҷахои баланди варзишӣ шоми дирӯз ба ватан баргаштанд.Дар ин мусобиқа, ки миёни бонувону писарон сурат гирифт, иштирокдорони он 31 медал : 9 медали тилло, 6 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ ба даст оварданд.Мавриди зикр аст, ки дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ -шаҳри Сеул миёни наврасону ҷавонон ва мардону занон мусобиқа дар ду навъи гӯштӣ — самбои варзишӣ ва самбои размӣ баргузор шуд.

Июнь 7, 2013 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш