А. Миралиев: «Ҳаракати экологии Ӯзбекистон маддоҳи асосист»

Июнь 21, 2013 15:28

Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Солҳои охир аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки маддоҳи асосиашон Ҳаракати экологии Ӯзбекистон (ҲЭӮ) аст, дар масъалаи гуё партовҳои истеҳсолии КВД «Талко» ба ҳудудҳои ҷанубии Ӯзбекистон таъсири манфӣ мерасонад бо муроҷиатҳояшон дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла СММ, Парлумони Аврупо ва парламентҳои Белгия, Латвия, Нидерландия, Индонезия ва дигар сиёсатмадорони хориҷӣ гӯё онҳоро ҷонибдорӣ мекарда бошанд, ҷомеаи минтақа ва ҷаҳонро ба иштибоҳ меоранд». Ин нуктаро Амиршо Миралиев –муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июн дар ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии масъалаи «Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорату идораҳо оид ба арзёбии таъсири корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳити зист ва саломатии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва муайян намудани зарари иқтисодии он», иброз дошт.Мавсуф афзуд, ки дар асл чунин амали давлати ҳамсоя бо истифода аз мавзӯи экология ҳамчун воситаи фишори сиёсӣ ба КВД «Талко» ва иқтисодиёти кишварамон, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун» мебошад. Даъвои навбатии давлати ҳамсоя ин муроҷиати Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарори қабулкардаи он «Оид ба пешгирии вайроншавии вазъи экологӣ, олудашавии муҳити зист, таҳдид ба саломатии аҳолӣ дар минтақа бо партовҳои КВД «Талко», ки дар асоси гузориши Ҳаракати экологии Ӯзбекистон таҳия гардидааст, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт. Дар ҷавоб ба ҷониби Ӯзбекистон ба ғайр аз овардани факту рақамҳо дар бораи вазъи экологӣ ва чораҳои андешидашуда оид ба ҳифзи муҳити зист дар минтақаи КВД «Талко» мо қайд намудем, ки агар ба айбдоркунии тарафайн гузарем, тарафи мо низ дар навбати худ метавонад далелҳои илман асоснок ва исбот гардидаи вайрон шудани вазъи экологиро дар ҳудудҳои наздисарҳадии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбекистон пешниҳод намояд. Корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Ӯзбекистон ҷойгиршуда дар давоми ним аср боз ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд ва ба саломатии зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Зафаробод таъсири манфӣ мерасонад, ки зарари он садҳо миллион $-и амрикоиро ташкил медиҳад.Муовини аввали раиси Парлумони кишвар таъкид кард, ки дар асл бошад, таҳқиқи амиқи ин таъсир ба муҳити зист ва саломатии аҳолии зери таъсири корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарордошта ва зарари иқтисодии он, то ба имрӯз аз ҷониби мақомоти дахлдор пурра муайян карда нашудааст. Гарчанде, ҳанӯз соли гузашта дар асоси муроҷиати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуда буд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади муқаррар кардани вазъи экологии мавзеъҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо истифода аз озмоишгоҳи сайёри экологӣ бо гирифтани 1798 намунаи ҳавои атмосфера, мушоҳидаҳо ва ченкуниҳо гузаронидаанд.Дар натиҷаи ин чорабиниҳо дар ноҳияи Спитамен дар таркиби ҳавои атмосфера аз меъёри ҳадди ҷоизи ғилзати миёнаи шабонарӯзии моддаҳои зараровар: ду оксиди нитроген (NO2) – 3,3 маротиба, ҳидрогени фтор (HF) – 1,4 маротиба ва формалдегид (HCOH) – 14 маротиба зиёд ба қайд гирифта шудааст. Вале ба ғайр аз ин корхонаи маъдани кӯҳии Олмалиқ ба заминҳои ноҳияи Мастчоҳ ва ҷангалзорҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва пасобҳои заминҳои кишоварзии давлати ҳамсоя дар водии Фарғона ба сифати оби дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ва саломатии аҳолии вилояти Суғд чӣ қадар таъсири манфӣ мерасонад. Чунин савол ба вуҷуд меояд, ки инҳоро кӣ бояд муайян намояд? А. Миралиев афзуд, ки дар ҷавоби Парлумони Тоҷикистон ба муроҷиати Раиси палатаи Қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбати КВД «Талко» зикр шудааст, ки бо баёни даъвои тарафайн масъалаҳои экологӣ ҳалли худро намеёбанд. Ба анъанаҳои неки қадимаи халқҳоямон такя карда таклиф намудаем, ки баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳҳои муштараки онро тариқи гуфтушуниди конструктивӣ сари мизи гуфтушунид ба роҳ монем. Пешниҳод намудаем, ки ин гуна гуфтугӯро дар доираи намояндагони парлумонҳои кишварҳоямон ба роҳ монем. Бо мақсади арзёбии ҳақиқии вазъи экологии ҳудудҳои баҳсноки ҳарду ҷониб пешниҳод менамоем, ки гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналхалқӣ таъсис дода шавад. Ин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки дар ниҳояти кор кишварҳои мо нуқтаи назари ягона ва оқилонаву одилонаро баҳри таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самарабахши табиат рӯи кор оранд.Новобаста ба ҷавоби мусбии ҷониби давлати ҳамсоя ҷиҳати қабули таклифу пешниҳодҳо, моро зарур аст, ки дар даст рақам ва далелҳои мутақобила ва иттилооти илман асоснок ва исботшудаи вайрон шудани вазъи экологиро дар ҳудудҳои марзии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбекистон дошта бошем. Дар сурати қабул гардидани пешниҳоди мо ҷиҳати таъсис ёфтани гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналхалқӣ маводҳои мазкур барои пешниҳод намудан ба ин гурӯҳ ё дигар комиссияҳои байналмилалӣ зарур мешаванд.Дар ин ҷо мехостам хотирнишон намоям, ки вазъи экологӣ дар кишвар, хусусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла чораҳо оид ба таъмини бехатарии экологӣ дар мавзеъи КВД «Талко» зери назорати доимии вакилони мо, бахусус Комиссияи экологӣ қарор дорад, зеро вазъи саломатии шаҳрвандонамон моро бетараф гузошта наметавонад, гуфт боисрор А. Миралиев.Вай зикр кард, ки: мо медонем, КВД «Талко» ба мушкилоти молӣ, ки аз таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ бармеояд ва ҳамчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон хамасола баланд гардидани пардохти иловагии ҳамлу нақли транзитии мол (борҳо), ки онҳо ба болоравии нархи маҳсулоти истеҳсолшуда таъсири калони худро мерасонанд, нигоҳ накарда мунтазам барномаи азнавсозии истеҳсолот ва ҳалли масъалаҳои экологиро амалӣ менамояд.Бо мақсади навсозии техникӣ, ҳам аз нигоҳи таъмини бехатарии истеҳсолот, сарфаи энергия, экология ва ҳам таъмини рақобатпазирии ширкат дар бозори ҷаҳонии алюминий КВД «Талко» танҳо дар давоми 5 соли охир ба азнавсозии истеҳсолот 464, 1 млн. сомонӣ (тақрибан 100 млн. $) маблағҳои молиявӣ сарф намуд. Маблағгузории КВД «Талко» ва хароҷоти барои гузаронидани чорабиниҳои асосӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамасола афзоиш меёбанд. Дар 7 соли охир ширкат барои ин мақсад қариб 190 млн. сомонӣ (тақрибан 40 млн.$) равона кардааст. Аз ин ҳисоб дар соли 2006 17, 5 млн. сомонӣ, соли 2007 — 19, 4 млн. сомонӣ, соли 2008 — 28, 4 млн. сомонӣ, соли 2009 — 29, 1 млн. сомонӣ, соли 2010 — 30, 1 млн. сомонӣ, 2011 — 31, 0 млн. сомонӣ ва дар соли 2012 ин хароҷот то 32, 2 млн. сомонӣ зиёд гардидаанд. Дар ҷаласаи экологӣ зикр гардид, ки КВД «Талко» дар водии Ҳисор- яке аз минтақаҳои пешрафтаи Тоҷикистон, дорои боғҳои анору ангури хушсифат, ки ҳосилаш ба хориҷи кишвар содирот мешавад, ҷойгир аст. Исботи дигари таъсири манфӣ надоштани фаъолияти КВД «Талко» ба саломатии аҳолии ин минтақа он аст, ки дар шаҳру ноҳияи Турсунзода 24 нафар дарозумрон ба қайд гирифта шудаанд, ки синнашон аз 100 зиёд аст. Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар баробари ин моро зарур аст, ки дар бораи таъсири фаъолияти КВД «Талко» ба муҳити зист, ҳолати обу замин, олами набототу ҳайвонот ва саломатии аҳолӣ маълумотҳои дақиқ дошта бошем ва барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар доираи салоҳияти худ чораҳои саривақтӣ андешем. Бо мақсади муайян намудани таъсири корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва зарари он ба вазъи экологӣ ва саломатии аҳолии ноҳияҳои марзии вилояти Суғд Комиссияи экологӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст. Моро зарур аст, ки онро баррасӣ намоем, ба он агар дигар фикру мулоҳизаҳо бошад, ворид сохта, қабул намоем ва иҷрои чорабиниҳои ба нақшагирифташударо дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоем, афзуд дар анҷоми гузоришаш А. Миралиев. Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба масъалаи мазкур Раҳмат Бобокалонов- Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, Талбак Салимов- раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мамадшо Илолов — Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ баромад карда, пешниҳодҳои ҷолиб ироа сохтанд.

Июнь 21, 2013 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд