Адибон дар Рашт нуктаҳои Паёмро шарҳ доданд

Июнь 6, 2013 15:23

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Бо ташаббуси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои ба мардум фаҳмонидани нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гуруҳе аз адибони кишвар ба ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод сафар намуданд. Гуфта мешавад адибони шинохтае, чун Мирзо Шукурзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Аҳлиддини Ҳисорӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва дигар мактабу таълимгоҳҳои ин ноҳия бо донишҷуён ва аҳолӣ мулоқот анҷом дода, бандҳои муҳими Паёмро шарҳ дода ва ба саволҳои сершумори онҳо ҷавоб гуфтанд.

Июнь 6, 2013 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш