«Аз Бухоро то Самарқанд»

Июнь 5, 2013 11:09

Душанбе,5 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- «Аз Бухоро то Самарқанд»-чунин номгузорӣ шудааст асари тадқиқотии журналист ва муҳаққиқи матбуоти тоҷик Мирзоалӣ Ҷӯраев, ки тавассути нашриёти «Кайҳон» ба тозагӣ аз чоп баромад.  Дар рисола вазъи аҳолии муқимии Бухорою Самарқанд дар солҳои бистуми асри бист, талошҳо баҳри худогоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, вазъи маорифу фарҳанг дар он солҳои тақдирсоз мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, ки ин дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, ба вижа рӯзномаи «Овози тоҷик» ба таври васеъ инъикос гардида буд. Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон, донишҷӯёну муҳаққиқон ва ҳамаи он нафароне, ки ба сарнавишти миллат ва шаҳрҳои қадимии он майлу рағбати беандоза доранд, нигаронида шудааст.

Июнь 5, 2013 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш