Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Эрон
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Сарфарозам пирӯзии комили Шуморо дар интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик ва таҳният гӯям.Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи рушди кишвари худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсту бародари Эрон чун самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намудааст ва баҳри рушду нумӯи онҳо пайваста талош меварзад.Мо таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар замони раёсати Ҷаноби Олӣ низ рушду густариши тоза пайдо намуда, дар заминаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи ҷадид ғанӣ хоҳанд гашт.Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиҳои тоза ба тоза, ба мардуми бародари Эрон — сулҳу субот ва пешрафту рифоҳ таманно дорам”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






