Баргардонидани 6 нафар аз фурудгоҳҳои Россия

Июнь 25, 2013 16:14

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). – Субҳи имрўз, 25 июни соли ҷорӣ шаш нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Оренбург доштанд аз тарафи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар фурудгоҳ баргардонида шуданд. Тибқи қонунҳои Федеролии Россия шаҳрвандон — Саидаҳмад Асоев, Садриддин Саидов, Юнусали Исоқов, Дилшод Ойев, Ғуломҷон Тошбоев, Қиматулло Сулаймонов ба муҳлати се сол ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ карда шудааст. Тавре, ба мо корманди Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Исмоил Зокиров иброз дошт, кормандони дахлдори Федератсияи Россия дар фурудгоҳҳои Домодедова, Пулкова, Колсова ва Оренбург сабаби бозгардонии шаҳрвандони моро дар вайрон намудани қонунҳои ФР арзёбӣ намуданд. Акнун ин шаҳрвандон мутобиқи конунҳои Федеролии Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳлати се сол аз ворид шудан ба қаламрави ин мамлакат маҳрум шудаанд.

Июнь 25, 2013 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш