Баррасии масоили минтақавӣ дар мулоқоти Э. Раҳмон бо С. Алкалай

Июнь 21, 2013 15:34

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- «Мо зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон масоили вобаста ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои минтақавиро мавриди муҳокима қарор додем»- гуфт котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Свен Алкалай пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба қавли Свен Алкалай дар дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон бештар ба соҳаҳои экология, об ва савдо дахл шудааст. «Масъалаи омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, аз мавзуоти меҳварии мулоқот буд. Дар назар аст, ки дар ин Конфронс беш аз 400 нафар намояндагони баландпоя аз кишварҳи гуногун, ки мутахассисони ин соҳаанд, иштирок хоҳанд кард», — иттилоъ дод дабир. Свен Алкалай ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешниҳоди дастуру машваратҳо дар самти рушди ҳамкориҳои минтақавӣ арзи сипос карда, изҳори итминон намудааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ минбаъд низ ба нафъи ҷонибҳо рушд хоҳанд кард.

Июнь 21, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш