Баррасии мавзӯи ҳукумати электронӣ

Июнь 3, 2013 08:35

Кӯлоб, 3 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Зимни ҷаласаи маҳфили навбатии ҳамкориҳои иҷтимоии шӯрои ҷамъиятии ҶТ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, мавзӯи ҳукумати электронӣ, пешомад ва мушкилиҳо матраҳ шуд. Мусаллам аст, ки зина ба зина татбиқ намудани барномаҳо дар самти вусъат бахшидани ҳукумати электронӣ аз ҳадафҳои расидагӣ доштан ба арзу ниёзи аҳолӣ ва таъмини дастрасии мардум ба мақомот буда, ин тадбир рӯз аз рӯз фазои фаъолияти моро пур месозад. Аз ин рӯ бознигарӣ ба ин мавзуъ бобати беҳдошти кор дар ин самт саривақтӣ ва ба манфиати кор хохад буд.  

Июнь 3, 2013 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш