Баррасии рушди ҳамкории иҷтимоӣ дар самти муқовимат бо коррупсия

Июнь 25, 2013 13:51

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– 2 июли соли равон шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон бо ҳамшарикии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ» ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бахшида ба масоили рушди ҳамкории иҷтимоӣ дар самти муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор мекунанд. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ мадад намудан ва ба танзим даровардани ҳамкориҳои самарабахш дар самти муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон мебошад.Дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат меварзанд.

Июнь 25, 2013 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш