Баррасии сарватҳои биологӣ ва моҳияти онҳо дар рушди экологӣ

Июнь 24, 2013 11:47

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). -22 июн дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Сарватҳои биологӣ ва моҳияти онҳо дар рушди экологияву иқтисодиёти Тоҷикистон» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар конфронс масоили марбут ба дороиҳои биологӣ ва василаҳои истифодаи онҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон дар рафти конфронс ҳамчунин роҳҳои коркард ва дастраси эҳтиёҷмандон гардонидани сарватҳои биологиро муҳокима карданд.

Июнь 24, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш