Баррасии тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо

Июнь 24, 2013 11:57

Душанбе, 24 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласае, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», «Дар бораи иҷора», «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуданд. Инчунин дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро матраҳ намуданд. Дар фарҷом баъзе аз масъалаҳои баррасишуда, ҷиҳати муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки 26 июн доир мегардад, пешниҳод гардиданд.

Июнь 24, 2013 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст