Бинои нави таълимӣ дар Роғун

Июнь 21, 2013 16:59

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Дар шаҳри Роғун бинои таълимӣ иборат аз 6 синфхона барои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ин шаҳр дар доираи маблағгузории лоиҳаи гранти Фонди каталитикӣ ба истифода дода шуд. Бинои таълимӣ ба маблағи зиёда аз 1 млн. сомонӣ сохта шудааст. Котиби матбуоти Вазорати маориф Маҳмудхон Шоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин бино бо таҷҳизоти ҳозиразамон ба маблағи зиёда аз 44 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Июнь 21, 2013 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш