Болоравии қурби евро ва поёнравии рубли русӣ

Июнь 14, 2013 16:51

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,86- 4,87 сомонӣ қарор дорад. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари ин, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ андаке паст шуда, ба 149 — 150 сомонӣ ва бо евро бошад, каме баланд гардида, ба 6,3137 — 6,3382 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,86-4,88 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,86-4,87 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,87-4,88 сомониро ташкил дод.

Июнь 14, 2013 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш