Боздид аз АНМН

Июнь 24, 2013 11:59

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар»). – Охири ҳафтаи гузашта ҳайати Барномаи «Роҳи маводи нашъаовар», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Раёсати оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад, аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ боздид намуд.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ҷараёни мулоқот ба ҳайати мазкур перомуни тамоюлҳои вусъати вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёӣ Марказӣ, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нақл карда шуд.Роҳбарони ниҳодҳои асосии Агентии назорати маводи нашъаовар ҳайатро бо механизмҳои муборизаи зидди гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор дар мавриди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва проблемаи пулшӯӣ ва ғайра шинос намуданд.Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории дутарафа минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.

Июнь 24, 2013 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш