Боздиди кории Оқил Оқилов аз Норак

Июнь 20, 2013 09:15

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло).- Дирўз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба шаҳри Норак сафари корӣ доир намуд.Зимни сафар Сарвазири мамлакат бо вазъи сохтмони иншооти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фаъолияти иншооти энергетикӣ шинос шуд. Оқил Оқилов нахуст бо фаъолияти Нерўгоҳи барқи обии «Норак», филиали ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» ва шабакаи интиқоли барқи 500 кВт дар шаҳри Норак ошноӣ пайдо карда, барои таъмини кори мунтазам ва бенуқсони ин иншооти энергетикии мамлакат ба роҳбарият ва масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аз маҳалли сохтмони бунгоҳи тиббӣ, маркази савдои ҳозиразамони шаҳрӣ, маҷмааи варзишӣ ва як зумра иншооти дигари иҷтимоӣ дар шаҳри Норак дидан кард.

Июнь 20, 2013 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш