Бозии “Равшан” ва ”Истиқлол”-ро қирғизҳо доварӣ мекунанд

Июнь 13, 2013 13:17

Душанбе,13 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бозии даври 11-уми мусобиқаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олии кишвар «Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанберо доварон аз Қирғизистон доварӣ мекунанд.Бино ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи кишвар, Федератсия барои дар сатҳи балан гузаронидани рақобати ин ду дастаи номдори кишвар доварони қирғизро даъват намудааст.Гуфта мешавад, аввалин бор аст, ки дар таърихи футболи тоҷик бозии мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ҳакамони хориҷӣ доварӣ мекунад. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Дмитрий Машенсев, беҳтарин довари Қирғизистон мебошад, ки ӯ ба рӯйхати доварони баландпояи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил аст. Ба ӯ ҳамватанонаш — ёварони довари ФИФА Сергей Гришенко ва Замир Чинибеков кӯмак мекунанд.Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбе, 15-уми июн дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бо тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки ҳарду бо якхел имтиёз дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд, барои садри ҷадвал миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Июнь 13, 2013 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш