Бозор Собир «Шабе дур аз Ватан»-ро тамошо мекунад

Июнь 25, 2013 16:30

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Шоми имрӯз, 25-уми июн дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Шабе дур аз Ватан », ки бар пояи ашъори шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир таҳия шудааст, ба саҳна гузошта мешавад. Интизор меравад, ки дар ин намоиш худи Бозор Собир ҳам иштирок кунад.   «Шабе дур аз Ватан»-ро Нозим Меликов, коргардони Театри ҷавонон таҳия намуда, дар он Абдумуъмин Шарифӣ нақши асосиро бозидааст.Мавриди зикр аст, ки ин намоиш борҳо дар ҷашнвораҳои театрии дохилу хориҷ мавриди истиқболи гарми тамошобин қарор гирифта, аммо аввалин бор аст, ки Бозор Собир аз он дидан мекунад.

Июнь 25, 2013 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш