Бунгоҳҳои нави интиқоли маблағ

Июнь 25, 2013 11:44

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Намояндагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи бонки «Эсхата» бо мақсади вусъат бахшидани хидматрасонӣ барои интиқоли маблағ дар шаҳи Душанбе ду бунгоҳи нав кушод.Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бунгоҳҳои нав бо технологияи муосир таъмин шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки ба мизоҷон сари вақт ва хушсифат хизмат расонида шавад. Бо назардошти ифтитоҳи марказҳои хидматрасонии бонкӣ ва бунгоҳҳои интиқоли маблағи шаҳри Душанбе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони кишвар имконият пайдо намуданд, ки аз хидмати низомҳои интиқоли маблағ дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он бархӯрдор шаванд.

Июнь 25, 2013 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш