Чаро партовҳои радиоактивӣ коркард намешаванд?

Июнь 5, 2013 14:41

Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивии саноати коркарди маводи урандор ва беш аз 1000 адад манбаъҳои афканишоти ионофарӣ, ки муҳлати истифодаашон ба итмом расидаанд, мавҷуданд»,- гуфт зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» дар Парлумони мамлакат Ӯлмас Мирсаидов- директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Академик Ӯлмас Мирсаидов зикр намуд, ки бақайдгирии манбаъҳои афканишоти ионофар дар Тоҷикистон солҳои охир гузаронида шуда, хазинаи электронии бақайдгирии онҳо ташкил шудааст. Қисми зиёди манбаъҳои афканишоти ионофар аз истифода бароварда шуда, аз сӯи нуқтаи давлатии гӯронидани партовҳои радиоактивии ноҳияи Файзобод гӯронида шудаанд. Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи улуми кишвар таъкид кард, ки ҳолати кунунии идораи партовҳои радиоактивии коркарди саноати урани Тоҷикистон ташвишовар аст, зеро ки нисбат ба онҳо муомилот, коркард, мутобиқгардонӣ ва гӯронидан ба таври зарурӣ гузаронида намешавад. Ва онҳо ба муҳити зисти одамон паҳн мегарданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат пешниҳод шудааст. Он аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, муносибатҳои ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба меъёрҳову стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани ҳолати маҳфузи партовҳои радиоактивиро таъмин менамояд. Инчунин лоиҳаи қонун ҷиҳати таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири партовҳои радиоактивӣ равона шудааст. Олими тоҷик зикр кард, ки аз коркарди маъдани уран дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон мероси партовҳои зиёде боқӣ мондааст. Инчунин дар кишвари мо манбаъҳои радиоактивӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода мешаванд. Дар танҳоӣ бо ҳолати зарурӣ овардани ин миқдори партовҳои радиоактивӣ дар ҷумҳурӣ мушкилии зиёд меорад. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ набудани заминаи ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ монеа мешавад. Аз ин сабаб зарур аст, ки системаи ягонаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба роҳ монда шавад. Барои омода намудани ин мақсадҳо заминаи ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба маврид аст. Тавассути лоиҳаи ин қонун муносибатҳои ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба стандарҳои ҷаҳонӣ мувофиқ кунонидани ҳолати ин партовҳо таъмин мегардад. Муҳити зист, вазъи экологии мавқеи ҷойгиршавии ин партовгоҳҳо беҳтар гардида, мардум аз тарси хатари партовҳои радиоактивӣ эмин мегарданд. Зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур вакил, намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Парлумон,  Исмоил Талбаков аз Академик Ӯлмас Мирсаидов савол кард, ки бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ оё дар Тоҷикистон имконият ҳаст, ки партовҳои радиоактивӣ аз сари нав коркард шаванд? Дар посух ба ин савол У. Мирсаидов гуфт, ки коркарди дубораи партовҳои радиатсионӣ дар баъзе кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Агар миқдори уран дар парвтовҳо каме бисёр бошад, дар он ҳолат имкон аст, ки онро дубора коркард намоем. Дар партовҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд миқдори уран хеле кам буда, коркарди дубораи онҳо барои истеҳсолот самаранок нест. Аз ин рӯ онҳоро рӯйпӯш ё худ безарар гардонидан зарур аст. Барои рӯйпӯш кардани партовҳо маблағҳои калон лозиманд. Дар робита ба ин раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки нисбат ба ин масъала бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷалб шавад, зеро ин партовгоҳҳо аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо ба мерос мондаанд, афзуд Ш. Зуҳуров. Қабули ин қонун дар кишвари мо дар ҳолест, ки имрӯз, 5 июн мардуми сайёра Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зистро таҷлил менамоянд.

Июнь 5, 2013 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд