Дахлнопазирии вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ барҳам дода шуд
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ барҳам дода мешавад. Дар робита, вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат имрӯз ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот бо мақсади таъмини амалии принсипи демократии баробарии ҳама дар назди қонун қисмҳои 2 ва 3 –и моддаи 15-и қонуни конститутсионӣ, яъне «ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» аз матни қонуни амалкунанда хориҷ карда шуд. Салимзода Шерхони Одина-прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаи қонуни конститутсиониро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ медод, гуфт: «Самти асосии ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститусионӣ пурзӯр намудани мубориза алайҳи коррупсия ва дигар бесарусомониҳою қонуншиканиҳо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, он бо мақсади таъмин ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур шаффофияти фаъолияти кормандони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъмин намуда, бо мақсади таҷдиди назар намудани ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таҳия гардидааст. Шерхон Салимзода афзуд, ки лоиҳаи қонуни конститутсионӣ оиди таҷдиди назар намудан дар масъалаи ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, ки баъзан боиси сӯистеъмол аз мансаб ва кооррупсия гардида истодааст, бо мақсади фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва инчунин барои мубориза бо коррупсия дар Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нигаронида шудааст. Прокурори генералӣ гуфт, ки қабули ин лоиҳаи қонуни конститутсионӣ қадами наве дар самти воқеан амалӣ шудани меъёрҳои конститусионӣ дар кишвар низ мебошад. Шерхон Салимзода таъкид кард, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ пурра барҳам намехӯрад. Баъзе имтиёзҳо дар шакли дигар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» боқӣ мемонад. Зеро дар ин ҳолат на ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва на ҳамаи шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд, масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё ба ҳабс гирифтан, ё дигар хел маҳдуд намудани ҳуқуқҳои вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ба амал бароранд. Ин раванд минбаъд аз тарафи прокурурҳо ва судҳои дахлдор амалӣ карда шуда, мақомоти судӣ ва прокуратура дар доираи ваколатҳои худ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави кишвар татбиқ менамоянд. Инчунин, тибқи тағйироти ба моддаи 20-и лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ворид намуда, минбаъд тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия»-ро баррасӣ ва қабул намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






