Дар Восеъ синфхонаҳои нав ба истифода дода шуданд

Июнь 21, 2013 15:34

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).-Дар назди мактаби №33-и деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ 8 синфхона барои 192 ҷойи нишаст ба маблағи 1 млн. 458 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Синфхонаҳо дар доираи маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта шуда, бо тамоми лавозимоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳо муовини вазири маориф Тоҷиниссо Маҳмадова саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари он Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаи маориф махсус таъкид намуд. Дар ин бора Маҳмудхон Шоев, котиби матбуоти Вазорати маориф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Июнь 21, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш