Дарахтро аз дохили худаш кирм мехурад…
Дар ҳошияи ҷавоби Атохоҷа Мирзоҷалолов «Тутуҳои Тутубалина», («Ҷумҳурият», аз 11 июли соли 2013), мусоҳибаҳои устод Меҳмон Бахтӣ нисбати мақолаи Олга Тутубалина – «Неинтеллигентно об интеллигенции», ки дар ҳафтаномаи «Азия Плюс», аз 30 майи соли 2012 дарҷ шуда буд ва дигар мақолаҳои ин муаллиф.
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»).-Ман кайҳо боз аз навиштаҳои Тутбалина огоҳам, ки ў нисбати халқу давлати мо бо пичингу киноя гап мезанад, чашмаш ягон дастоварду пешрафти ҷомеаи моро намебинад, баръакс — мудом аз таги нохун чирк мекобад ва ҳамеша таҳқиру истеҳзо мегўяд. Боре ба мақолаи ў, ки санаи 03.03.2011 бо номи «Законоплетство. Или…Плохому ТАДЖИКСКОМУ депутату полномочия мешают?», ки ҳам дар ҳафтанома ва ҳам сомонаи «Азия Плюс» дарҷ ёфта буд, бо номи «НЕОБОСНОВАНЫЕ ВЫВОДЫ…Или…Почему неверные мысли прозвучали вслух?» ҷавоб навишта будам, ки ҳафтанома онро чоп намуд.Воқеан, мақолаи «Законоплетство. Или…Плохому ТАДЖИКСКОМУ депутату полномочия мешают?» пурра аз шубҳаву гумонҳо ва фактҳои беисботи подарҳаво, ки муаллиф, ба ақидаи худ онҳоро шунидааст, ё аз рўи он ки — овозае паҳн шудааст ва муаллиф ҳамин хел -фикр мекунад — иборат буда, тавассути онҳо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳриф ва ҳатто то ҷое таҳқир мегардид. Аз ин мавод бўи ғализи ғараз меомад ва ман натавонистам, ки ба он ҷавоб нагўям.Баъди ин ҳам нашри чунин мақолаҳои Тутубалина идома меёфт. Дар арафаи ҷашни 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мақолаи ў бо унвони “ О независимости и прозрачных надеждах” чоп шуд. Муаллиф дар он кушоду равшан изҳор медорад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро намехоҳад — “Я никогда не хотела, чтобы Таджикистан был независимым государством. Мне было раньше и было бы сейчас комфортнее жить в полной зависимости, в Союзе, скажем, с той же Россией». Поёнтар тамоми дастовардҳои давлати миллии моро инкор менамояд. Ў менависад: «Накануне празднования этого дня я задумалась: «А что реально дала мне независимость страны, в которой я живу и работаю?» Пришла к выводу, что ничего. Не помогла мне независимость нашей страны получить лучшее образование за счет государственной поддержки, не дала она мне и диплом, который бы котировался где-то еще, кроме самого Таджикистана». Аз рўи шунидам, хонум Тутубалина Донишгоҳи славянии Россиву Тоҷикистонро, ки он ҳам зода ва дастоварди Истиқлолият аст, хатм намудааст ва дипломи он дар тамоми давлатҳои ИДМ (СНГ), аз ҷумла Федератсияи Россия қадр дорад. Ин магар инкори ҳақиқати комил ва нишонаи кўрнамакӣ нест?! Ў ҳамаи дастовардҳои истиқлолияти моро инкор намуда, дар фуроварди ин мақола ҳатто ба парчами миллии мо ҳарзаву таҳқирро раво мебинад. Мутолиа намоед, ў чӣ менависад: «…Ко вторым – все самое большое, высокое или длинное, созданное у нас за последнее время. Такое высокое, чтобы не достать… А если и дотянуться, то от страху не осмелиться плюнуть вниз. Хотя очень хочется». Ў албатта бо «самое большое, высокое или длинное, созданное у нас за последнее время» гуфтанаш Парчами миллии моро дар назар дорад. Аламовараш он аст, ки ў ба болои ин парчам баромада, бисёр мехоҳад –«Хотя очень хочется»- туф кунад. Аввалаш- албатта баромада наметавонад: он хеле баланду нӯгтез аст. Гап дар дигар ҷо: ба куҷо туф кардан мехоҳад?. Ба рўи Тоҷикистон, ба болои Душанбе ё ба Истиқлолияти мо?!!».Дар мақолаи дигараш — «Что мы празднуем 27 июня?», аз 21.06.2012 (диққат диҳед дар арафаи ҳар ҷашнвора як неш мезанад), худаш ҳам намедонад, ки ин ҷашн чӣ ном дорад ва боз онро танқид менамояд. — «27 июня в Таджикистане будет праздноваться День национального единства. Или примирения? Точное официальное название, если честно, до сих пор не знаю.»Баъд аз танқиди «ВЫ», ки тахмин намудан душвор нест, бо ин калима, чиро дар назар дорад, мегузарад: «…Праздник – День национального единства — не отвечает сегодня ни своему названию, ни содержанию. Нет у вас единства и в собственных рядах. Вы едины только в одном – желании заработать много и сегодня, не думать о завтрашнем дне, даже не пытаться наладить жизнь в стране, потому что придется забыть, хоть на время, о своем первом и главном желании…Нет у вас единства и с народом. Вы, собственно, даже не знаете, кто ваш народ. Чем он дышит. Ведь вы думаете, это люди, которые в состоянии закупить двухлетний продовольственный запас… Вы, вероятно, полагаете, что это люди, которые сколько бы ни работали в России, все равно вернуться поднимать Родину? Нет. И уже нет. Вы остались наедине с собой. Вы так долго к этому шли…Тутубалина шояд он рўзҳои душворро, ки Тоҷикистон ғарқи хуну хокистар буд, надидааст, ў садои ҳузнангези модари тоҷикро тавассути барномаи «Хоки Ватан» нашунидаааст, — мешунавид ҳам намефаҳмид, -хушбахтона, шояд ягон наздику қарини худро дар ин ҷанги таҳмилшудаи тоҷиккуш бой надодааст ва бо қоилии худ- до сих пор-намедонад, ки ин чӣ гуна ид аст. Вале барои миллати тоҷик, ки бо чашми гирёну дили ларзон ин рўзро интизор буд, ин ид муқаддас мебошад. Дар ин рўз ваҳдати миллӣ барқарор шуд, Тоҷикистон, ки алҳол дар як пораи кўчаки он Хуросони бузург ҷойгир аст, аз хавфи пора – пора шудан раҳо гардид!Тутубалина, ки забони тоҷикӣ ва таърихи Тоҷикистонро намедонад, ҳуқуқи маънавии баҳо додан ба тамаддуни мо ва бузургони имрўзаву гузаштаи моро надорад. Вале роҳу воситае кофта, моро паст задан ва таҳқир кардан мехоҳад. Дар дигар мақолааш –«Герои не те», аз 15.12.2011, ба Қаҳрамонони Тоҷикистон дахл менамояд, ҳарчанд, ки аниқ намедонад, ки қаҳрамонҳо киҳоянд. Диққат диҳед – «У нас много героев — от Авиценны до Рахмона, но действительно ли все они — народные?» Оё Абуалӣ ибни Сино Қаҳрамонаи Тоҷикистон аст?! Ё шояд ин «таҳлилагри зиндагии мо» Абуалӣ ибни Синоро бо Садриддин Айнӣ омехта намудааст!? Баъд ў боз идома медиҳад:- «Не понимаю, что геройского в том, чтобы написать рубаи, пусть даже тысячу. Здесь присутствует гениальность, не спорю, но не геройство и тем более не национальное.» Кадом қаҳрамони мо рубоисарост? Метарсам, ки Тутубалина Бобоҷон Ғафуровро, ки бо асари «Тоҷикон» миллати моро аз ҷиҳати маънавӣ эҳё намудааст шоири рубоисаро гумон накарда бошад. Ва чунин одам, дар фуровард таклиф менамояд, ки бояд ҳайкали Исмоили Сомонӣ бардошта шавад.Бармегардем ба мақолаи «Неинтеллигентно об интеллигенции»… Ин таҳқири кушоду рўшани миллат аст. Вақте зиёии як кишвар таҳқир мешавад, ин таҳқири тамоми миллат ба шумор меравад. Тасаввур намоед, агар ягон тоҷики шаҳрванди Россия ин гапро дар бораи зиёиёни рус мегуфт, ба чӣ ҳолат гирифтор мешуд. Дар мо бошад, боз баъзе зиёиёни аз тарафи ин зан таҳқиршуда, ба тарафдории ў садо мебароранд. Куҷост нангу номуси тоҷикӣ?! Ин ҷо,охир, гап дар бораи манфиати гурўҳӣ не, гап дар бораи зиёиёни миллат меравад.Бар замми ин, таҳқир идома дорад. Аз мусоҳибааш маълум, ки Тутубалина «фикрашро дар бораи зиёиён дигар накардааст». Ба ғайри ин, бо ташаббуси худи ў бошад ё ҳамандешаҳояш, ки дар сайти «ЦА» мақолае бо унвони таҳқиромези номи «Банда таджикских интеллигентов подает в суд и обещает «содрать кожу» с журналистки Тутубалиной» пайдо шудааст.Тутубалина дар мусоҳибааш изҳор доштааст, ки гуё мақолаи Ато Мирзоҷалолов ва андешаҳои Меҳмон Бахтӣ супоришӣ бошанд. Бо шубҳаву гумон дар бораи мақолаҳои хонум Тутубалина низ метавон гуфт, ки онҳо супоришияд ва ҳадафе доранд. Кӣ медонад…Вале ба як чиз мутмаин бошед, ки барои дар ҷавоби дар боло зикршуда ва ин навиштаҳоям касе супориш надодааст. Каси супориш медодагӣ низ надорам. Ба ғайр аз виҷдонам ва ҳиссиёти ҳузнангези таҳқир шудани худ ва ҳампешагонам.… Аслан ман ба нашрияи «Азия Плюс» робитаи қавӣ дорам. Қариб ҳар саҳар аввал тавассути сомонаи он аз навигариҳо огоҳ мешавам, қариб ҳар шумораи онро мутолиа менамоям. Духтаи газетаҳоро, аз ҷумла «Азия Плс»-ро нигоҳ медорам. Инро боре ба мўҳтарам Умед Бобохонов низ изҳор карда будам. Он вақт дар бораи мақолаҳо ва андешаҳои Тутубалина фикр карда, ба Умед гуфтанӣ будам, ки дарахти бузурги ба баҳра расонидаашро аз дарун кирм хурда истодааст. Вале бо чӣ андешае боз истиҳола намудам. Ин дафъа, акнун, мегўям: «Дарахтро аз даруни худаш кирм хурда истодааст..» Ин гап ҳам ба нашрия дахл дорад, ҳам ба ҷомеа… Нозир ЁДГОРӣ, Нависанда.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






