Дарави ғалла дар Фархор

Июнь 3, 2013 08:34

Фархор, 3 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Фархор дар минтақаи Кӯлоб аввалин шуда ба дарави ғалла оғоз карданд. Мусоид омадани боду ҳавои имсола имкони бардоштани ҳосили фаровонро аз заминҳои лалмию обӣ фароҳам овардааст. Мирзомуддин Асоев худ ронанда аст ва солҳои зиёд ба соҳаи кишоварзӣ машғул аст. Ҳосили имсолаи гандуми заминҳои лалмии ноҳия табъи дили ӯст ва бо қаноатмандӣ аз донаи пуру бенуқсони ғалла ҳарф мезанад.Аҳли кооперативи истеҳсолии «Алишер»-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият» соли ҷорӣ дар чор гектар замини лалмӣ ва ду гектар замини обӣ ғалла коридаанд. Бо ҷалби техникаи кироя имрӯз гандуми лалмиро ҷамъоварӣ намудаанд ва ба гуфти роҳбари хоҷагӣ ҳосил нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд аст. Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Фархор дар майдони умумии 11 ҳазору 193 гектар кишти ғалла гузарониданд ва дар рӯзи аввали маъракаи дарав майдони 80 гектар ғаллазор дарав шудааст.

Июнь 3, 2013 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш