Дарёфти ноболиғони гумшуда
Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар»).-Оид ба ҳодисаи 9 июн рухдода-гум шудани ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҷабов Абдусалом Тоштемирович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав, соли 2010 бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд, ки ноболиғи мазкурро бо худ бурда будааст. Ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор ба волидайнаш баргардонида шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар вақти гузаронидани санҷиш маълум шуд, ки Раҷабов Абдусалом рӯзи 8 июн дар шаҳри Қурғонтеппа низ ноболиғон Орифҷонов Хусрав Ҷамшедович, соли таваллудаш 2004, Орифҷонов Фаррухҷон Зоирҷонович, соли таваллудаш 2003 ва Буриев Фозилҷон Наимҷонович, соли таваллудаш 2002-ро бо баҳонаи чиндани гелосу олу ба бовариашон даромада, бо ҳамроҳии худ гирифта, ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони мазкур муайян ва дарёфт карда шуданд.Зимни таҳқиқи ин ҳодиса муайян карда шуд, ки Раҷабов Абдусалом Тоштемирович дорои бемории руҳӣ буда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ бо хулосаи «Маҷзубияти параноиди равандаш бетанаффус» дар қайд мебошад.Ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






