Дастаи волейболи «Динамо» соҳиби ҷойи аввал

Июнь 7, 2013 14:59

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 24 май то 2 июни соли равон мусобиқаи кушоди волейбол байни дастаҳои яккачини шаҳри Душанбе барои ба даст овардани Ҷоми «Ҳосилот» баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, мусобиқаи волейбол дар Мактаби махсуси наврасону кӯдакони захираҳои олимпӣ №5 баргузор гардида, дар он 22 даста ширкат варзиданд.Ба гуфти манбаъ, дар мусобиқаи кушоди волейбол ҷойи якум ба дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ сазовор дониста шуд. Дастаи волейболбозони Донишкадаи технологии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм насиби дастаи волейболбозони Мактаби махсуси наврасону кӯдакони захираҳои олимпӣ №5 гардид.Мавриди зикр аст, ки дастаи волейболи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти машқу тамринҳои мураббӣ Шодӣ Назармонов ба мусобиқаҳо омодагӣ мегиранд. Дар мусобиқаи мазкур Форис Нуриддинов бозингари беҳтарин дониста шуд.

Июнь 7, 2013 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш