Деметриус Спанеас таҷрибаи худро ба тоҷикистониён пешниҳод менамояд

Июнь 7, 2013 09:55

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Маркази фарҳангии «Бохтар» бо дастгирии фонди фарҳангии ЮНЕСКО ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон 8-уми июн оид ба баргузории тренинги композиторон, саксафонистон, мастер класс дар ин марказ суҳбат доир хоҳад кард. Чуноне ки аз марказ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинӣ Деметриус Спанеас, овозхони маъруф, ки ба ҳайси сафири мусиқӣ шинохта шудааст, иштирок хоҳад кард. Спанеас 8-уми июн дар толори ин марказ бо хоҳишмандони санъати волои ҷаз, саксафон, мусиқиҳои классикӣ суҳбат хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ ин гуна тренингҳо метавонанд барои донишҷӯён ва ҳаводорони санъати волои мусиқӣ таҷрибаи хубе бошанд.Деметриус Спанеас мусиқии классикӣ, ҷаз ва суннатиро дар ИМА, Аврупои Шарқӣ ва Осиё ба ҳам омезиш дода, бо мутрибони маъруфи ҷаҳонӣ Ҷон Кэйҷ, Рэй Чарлз ва мусиқанавозони шинохтаи мусиқии суннатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кардааст.

Июнь 7, 2013 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш