Духтарони Темурмалик чевар мешаванд

Июнь 20, 2013 11:51

Душанбе, 20 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон коргоҳи омӯзиши ҳунари дузандагӣ ифтитоҳ карда шуд. Коргоҳи мазкур бо ибтикори намояндагии дафтари Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар хамоҳангӣ бо мақомоти марбутаи ноҳияи Темурмалик ташкил гардидааст. Дар маросими ифтитоҳи он раиси ноҳияи Темурмалик Мирзохон Сангов, раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Саидмаҳдии Ибодӣ ва раиси агентии шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб Саидаҳмад Пиров ширкат намуда, ифтитоҳи онро қадами муҳим дар роҳи соҳибкасб гардидани занону духтарони маҳаллӣ арзёбӣ карданд. Даврахои омӯзишӣ дар коргоҳи мазкур се моҳ идома ёфта, дар ҳар давра 20 нафар духтарон нозукиҳои касби дӯзандагиро аз худ менамоянд. Абдулғаффори Солеҳ -масъули умури идорӣ ва равобити умумии кумитаи имдод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки моҳи гузашта раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ ҳамроҳи Маҳмадамин Маҳмадаминов- вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни 2 сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Айнӣ 6 коргоҳи дӯзандагиро ифтитоҳ намуданд.Дар маҷмӯъ аз 65 коргоҳ 36-тоаш тариқи эҳдоӣ ва худгардон ва боқимонда коргоҳҳо мустақил тавассути Кумитаи имдод дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли фаъолият қарор доранд. Ин коргоҳҳо иборат аз коргоҳи дузандагӣ, омӯзиши компютер, сангтарошӣ, заргарӣ, кафшергарӣ ва сантехникист. Дар доираи ин фаъолиятҳо қарор аст боз дар ояндаи наздик 4 маркази омӯзиши ҳунари дузандагӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ карда шаванд. Ҳадаф аз ифтитоҳ ва ба роҳ монадани ин коргоҳҳо омӯзонидани ҳунарҳо ба ҷавонон аст, ки баъди хатми давраҳои омӯзишӣ метавонанд аз қарзҳои бефоизи ин ниҳоди хайриявии байналмилалӣ истифода намуда, вориди бозори кор шаванду шароити иҷтимоии худро таъмин созанд.

Июнь 20, 2013 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш