Душанбе бо Сямэн бародаршаҳр шуд

Июнь 21, 2013 10:45

Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин бародаршаҳр гардид. Паймони бародариро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва мири шаҳри Сямэн Лю Кэтсин бо ҳузури ҳайатҳои бонуфузи ҳар ду шаҳр ба имзо расониданд. Сямэн 15-умин бародаршаҳри Душанбе гардид. Шавкат Саидов- сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамзамон дар ҷараёни сафари расмии мири шаҳри Сямэн Лю Кэтсин ба Душанбе Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳалқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд. Зимни мулоқоти хосаи раисони ҳар ду бародаршаҳр ва ҳайатҳои он ба роҳ мондан ва тавсеаи равобити мутақобилан судманди Душанбе ва Сямэн матраҳ гардиданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар доираи ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд. Инчунин М. Убайдуллоев ва Л. Кэтсин ҳамроҳ бо ҳайати соҳибкорони Душанбею Сямэн аз корхонаҳои саноатии пойтахт- назири корхонаи давлатии фаръии «Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ дар назди КВД «Душанбеконтрактпром», корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии «Душанбеагросервис» дидан намуда, бо иқтидори саноатии корхонаҳои мазкур аз наздик ошно гардиданд.

Июнь 21, 2013 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш