Э. Раҳмон: “Истеҳсоли маҳсулот дар комбинати қолинбофии Қайроққум бояд ба 5-6 миллион метри мураббаъ расонда шавад”
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»).-Аз шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, бо фаъолияти комбинати қолинбофии он бевосита шинос шуд.Тавре иттилоъ дода шуд, қолинбофони Қайроққум давомдиҳандагони анъанаҳои миллии қадимаи қолинбофӣ буда, зиёда аз ним аср бо истеҳсоли қолинҳои хушсифату зебо машғул мебошанд.Тайи чанд соли охир корхонаи Қолинҳои Қайроққум, пеш аз бо шарофати талабу пофишориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё карда шуд. Дар ин давра тамоми таҷҳизот ва хатҳои технологӣ тармиму таҷдид гардид.Дар муқоиса бо ҳаҷми миёнаи истеҳсоли маҳсулоти солҳои 2000-2005 соли 2012 истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона дуюним баробар зиёд шуд. Аз соли 2009 то соли 2013 барои таъмини кори пурсамар ва мунтазами корхона корҳои зиёд ба анҷом расонда шуд. Ин буд, ки соли 2009 маҳсулоти корхона дар озмуни умумиҷумҳуриявии Маҳсулоти беҳтарини сол сазовори ҷойи аввал гардид.Новобаста ба мушкилоти молиявӣ аз ҷониби роҳбарият барои беҳтар намудани некӯаҳволии кормандон, фароҳам овардани шароити корию маишӣ диққати хоса зоҳир карда мешавад. Музди кори кормандон вобаста ба ҳаҷми кори иҷрошаванда ва дараҷаи ихтисоcнокӣ аз 350 сомонӣ то 1800 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи рӯйхатии кормандони корхона 1055 нафар буда, вобаста ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ 350-400 нафар кормандон ҳамарӯза машғули кор мебошанд. Аз шумораи умумии коргарон 52 фоизашро занону духтарон ташкил медиҳанд.Ҳоло дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла риштаҳои пашмин ва нимпашмин, қолинҳои пашмин, нимпашмин ва кимёвӣ, матоъҳои техникӣ аз нахи сунъӣ ва коркарди пашми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.Қолинҳои баландсифат дар дастгоҳҳои муосири сохти давлатҳои Олмон, Италия, Япония, Фаронса, Полша ва Федератсияи Русия бофта мешаванд.Корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол 1 миллиону 300 ҳазор метри мураббаъ қолин ва дигар маҳсулот истеҳсол менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки “то як соли оянда ин иқтидор ба 2 миллиону 600 ҳазор метри мураббаъ ва дар оянда ба 5-6 миллион расонда шавад”.Иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ барои ба кор даровардани як коргоҳи иловагии қолинбофӣ дастгоҳҳои нави технологӣ аз Белгия ворид мегардад ва танҳо дар ин коргоҳ ҳар сол 660 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот тавлид хоҳад шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






