Фаъолияти Комиссияи байнидавлатӣ
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 20 июн дар шаҳри Душанбе вохӯрии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар ҷараёни мулоқот 4 қарордод — «Дар бораи супурдани ваколатҳои раёсат ба Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор», «Вусъат бахшидани имконият барои ҳамкории минтақавӣ», «Дар бораи рушди барномаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Дар бораи гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи байнидавлатӣ, оид ба рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ» имзо шуданд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов зимни суханрониаш зикр намуд, ки аз давраи бори аввал вазифаҳои раёсатро дар Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зимма гирифтани Тоҷикистон 11 сол сипарӣ шуда, дар ин муддат кори зиёде иҷро гардид. Масалан, дар ин давра татбиқи Нақшаи минтақавии фаъолият барои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ гардида, Конвенсияи ҳифзи муҳити зист барои Осиёи Марказӣ имзо шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






