Фарогирии қӯдакони рабудашуда ба таълимоти динӣ?
Душанбе, 14 июня. (АМИТ «Ховар»).-Оид ба ҳодисаи дар таърихи 9 июни соли равон бинобар беназоратии волидон, бедарак гум шудани ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҷабов Абдусалом Тоштемирович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав, ки соли 2010 бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд, ки ноболиғи мазкурро бо худ бурда будааст. Хушбахтона Ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор саривақт аз ҷониби кормандони милитсия пайдо карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар вақти гузаронидани санҷиш маълум шуд, ки Раҷабов Абдусалом Тоштемирович дар шаҳри Қурғонтеппа низ ноболиғон Орифҷонов Хусрав Ҷамшедович соли таваллудаш 2004, Орифҷонов Фаррухҷон Зоирҷонович соли таваллудаш 2003 ва Буриев Фозилҷон Наимҷонович соли таваллудаш 2002-ро бо баҳонаи чиндани гелосу олу ба бовариашон даромада, бо ҳамроҳии худ гирифта, ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони мазкур муайян ва дарёфт карда шуда, ба волидону пайвандонашон баргардонида шуданд.Қайд кардан зарур аст, ки шаҳрванд Раҷабов Абдусалом оид ба ду макони таълимоти ғайриқонунии динӣ нишондод медиҳад, ки ҳангоми бурдани корҳои тафтишотӣ далелҳои мазкур пурра тасдиқ мегарданд.Зимни корҳои фаврӣ-оперативӣ муайян карда мешавад, ки дар ноҳияи Ҳисор, ҷамоати Сомон шаҳрванд Мансур Маҳмудов бо тахаллуси «Шайх-Мансур», соли таваллудаш 1941 ноболиғони зиёдеро ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта, онҳоро дар манзили истиқоматии худ, дар шароити ғайрисанитариву ғайригигиенӣ нигоҳ медоштааст, ки ноболиғони мазкур муддатҳои тӯлонӣ, дур аз таълиму тарбия ва дар ҳолати бади рӯҳиву равонӣ қарор доштаанд.Ҳамчунин тибқи нишондоди ӯ дар ноҳияи Шаҳринав чунин як далел ошкор карда шуда, шаҳрванд Ҳодиев Мубинхон Асадхонович, соли таваллудаш 1968, бо тахаллуси «Қорӣ Мубин» боздошт карда мешавад, ки ӯ шаш нафар ноболиғонро дар манзили истиқоматии худ, айнан дар чунин шароитҳои ногувори зикргардида нигоҳ дошта, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтааст.Мавриди зикр аст, ки чунин бепарвоиву бемасъулиятии падару модарон ба он сабаб мегардад, ки фарзандонашон тавассути ашхоси алоҳида ва бо мақсадҳои ғаразнок ба чунин таълимоти ғайриқонунӣ фаро гиифта шуда, дур аз таълиму тарбия монда, дар чунин маконҳои ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта мешаванд.Қайд кардан зарур аст, ки наврасону ноболиғон ояндаи миллат ва малакаву дониши онҳо заминаи рушду устуворӣ ва пешрафту тараққиёти ояндаи миллати азизамон ба шумор меравад ва ҳамагонро зарур аст, ки дар таълиму тарбия ва пешгирии ҷалби онҳо ба амалҳои ношоиста саҳмгузор бошанд, то онҳоро аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб ҳифз намуда бошем.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






