Феҳристи осори Президент ба табъ расид
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Рӯзи 6 июни соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобномаи шарҳиҳолии Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки олимону адибон, кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни макотиби олӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ аҳамият ва арзиши илмиву амалии китоби мазкурро ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, чиҳати такмил додан ва бо теъдоди зиёд нашр намудани онро тавсия доданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба ҳадафу вазифаҳо, сохтор ва вижагиҳои китоби тозанашр бо мураттиби он Шариф Комилзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагони гиромӣ мегардонем. Устод, қабл аз ҳама, мехостем чанд сухан дар бораи ҳадаф ва муҳтавои китоби мазкур мегуфтед?Китобномаи шарҳиҳолии «Эмомалӣ Раҳмон» бо ҳадафи танзиму феҳристбандӣ ва мавриди омӯзишу тарғиб қарор додани осори арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Китобномаи мазкур дорои мақолаи муқадиммавӣ мебошад, ки он аз ҷониби олимони шинохта, академик Носирҷон Салимов ва доктори илмҳои таърих Абдуфаттоҳ Шарифзода навишта шудааст, ки он фарогири маълумоти мушаххас оид ба зиндагинома ва паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Китобнома аз 3 қисм ва 13 зерқисм иборат аст. Дар қисми якуми китобнома номгӯи асару мақолаҳо, мусоҳибаву мулоқотҳо, вохӯриву суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон шомил шудаанд.Қисми дуюми китобнома адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти Эмо¬малӣ Раҳмон ва асарҳои доир ба ӯро дар бар мегирад.Дар китобнома унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарти нав тасвир ёфта, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм ба намоиш гузошта шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Тақризҳои марбут ба китобҳо зери ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо (бо истиснои асарҳои бисёрҷилда) ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.Китобномаи мазкур маводи чопию электронии солҳои 1981-2012 нашр¬шударо фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, веб–сайтҳои Интернет ва китобномаҳои қаблан интишорёфта тартиб дода шудааст. Барои осон намудани кори пажуҳандагон дар поёни китобнома кӯмак¬феҳристи ашхос пешниҳод шудааст. Оё дар китобномаи мазкур ҳамаи осори чопии марбут ба Президенти мамлакат шомил шудаанд? Таҳия ва ба танзим даровардани чунин намуд ва шакли дастурҳои библиографӣ ҳамаҷониба донистани манбаъҳои чопиро тақозо мекунад. Мутаассифона, бинобар сабаби аз ҷониби на ҳамаи муассисаҳои интишоротӣ сари вақт супоридани китобу нашрияҳои даврӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ раванди пажуҳиш, дарёфт ва воридсозии тамоми асарҳои Президент ва адабиёт доир ба ӯро дар китобномаи мазкур душвор гардонид. Мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби фиристодани нусхаҳои назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврӣ ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ» аз 9 декабри соли 2005, №482 ва «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» аз 31августи соли 2012, №453 тамоми муассисаҳои интишооротӣ муваззаф шудаанд, ки «нусхаи намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои чопии дорои хусусиятҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ (китоб, албом, китобча, автореферат, рисолаи илмӣ, рӯзнома, маҷалла, моҳнома, солнома, ҳуҷҷатҳои расмӣ), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо фармоиши мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ барои паҳнкунии ҷамъиятӣ ба табъ расидаанд, инчунин нусхаҳои намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо, ки бо фармоиши ғайрирезидентҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд», ба ҳайси нусхаи ҳатмӣ ба миқдори 3 нусха ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» супоранд. Аз ин рӯ, баъзе маводҳо ба нашри мазкур дохил нашуданд. Ба андешаи Шумо, чӣ бояд кард, ки тамоми маводи марбут ба ин мавзӯъ ҷамъоварӣ ва феҳристбандӣ карда шавад? Албатта иҷрои ин кори муҳим ҷустуҷӯи пайваста ва ҳамкориҳоро бо дигар муассисаҳо, бахусус бо муассисаҳои табъу нашр тақозо мекунад. Дар навбати аввал моро зарур аст, ки тамоми нашрҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои интишоротии мамлакат ба табъ расидаанд, ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ба фонди Китобхонаи миллӣ ворид намоем. Сипас, тавассути низоми хизматрасонии абонементи байни китобхонаҳо маводи заруриро аз китобхонаҳои мамолики хориҷ ҷамъоварӣ намоем. Нашрҳои минбаъдаи китобномаи мазкур аз рӯи кадом услуб таҳия мегарданд ва оё маводи дар нашри ҳозир вориднашуда ба инобат гирифта мешаванд? Имрӯз дар сохтори Китобхонаи миллӣ Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигоҳдории маҷмӯаи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Бино ба ҳадаф Медиатека фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатии дар навъҳои гуногуни воситаҳои сабти иттилоот интишорёфтаро созмон дода, дар таҳияю интишори китобномаҳои чопӣ ва электронӣ саҳм мегирад. Кормандони Медиатека тасмим гирифтанд, ки дар заминаи китоби нашршуда китобномаи шарҳиҳолии Эмомалӣ Раҳмонро дар 3 ҷилд бо ворид сохтани тағйироту иловаҳо таҳия намоянд. Ҳар як ҷилд ба давраҳои муайяни таърихӣ ҷудо шуда, бо чаҳор кӯмакфеҳрист: кӯмакфеҳристи алифбоии асарҳо; кӯмакфеҳристи мавзӯъҳо; кӯмакфеҳристи ҷуғрофӣ ва кӯмакфеҳристи ашхос таъмин карда мешаванд, то ки равандаи пажуҳиш ва дарёфти саривақтии мавод аз китобномаҳо осон гардад. Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Саломат бошед!








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






