Хабарҳо аз хориҷи кишвар

Июнь 10, 2013 11:23

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар»). – Бар асари боришоти сахт дар Аврупо сатҳи оби дарёи Дунай ба дараҷаи интиҳоӣ баланд шудааст. Дар Олмон аҳолии якчанд шаҳр ба ҷойҳои бехатар кӯчонида мешаванд. Лаҳистонро низ борони сел фаро гирифтааст. хххСилоҳбадастон ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул ҳамла оварданд. Мувофиқи маълумоти агентии Франс Пресс, дар робита бо ин дар бинои сафорати ИМА бонги хатар зада мешавад. хххДар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзномаи шахсии узви роҳбарияти сиёсии Олмони фашистӣ Алфред Розенберг ёфт шудааст. Қисми зиёдди навиштаҷоти ҳамсафи наздиктарини Адолф Гитлер баъди анҷоми мурофиаи Нюрнберг бедарак шуда буд. хххБеш аз сад бинои истиқоматии ноҳияҳои Таттин ва Амгини Ёқутистон зери об мондаанд. Сабаби ин бинобар боришоти сахт лабрез шудани дарёи Селеннях мебошад. Наҷотдиҳандагон мардумро ба бунгоҳҳои муваққатӣ кӯчонидаанд.

Июнь 10, 2013 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш