Хабари идораи ҳавосанҷӣ

Июнь 5, 2013 16:05

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Назар ба хабари идораи ҳавосанҷии кишвар, то 7 июн дар кишвар шамоли сахт бархоста, раду барқ ва бориши кӯтоҳмуддат ба вуқуъ пайваста, сипас ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ ба таври миёна аз 28 то 35 ва дар минтақаи ҷанубии он то 40 дараҷа гарм мешавад.Имрӯз, 5 июн, дар вилояти Хатлон борони кӯтоҳмуддат шуда, раду барқ ба амал меояд ва ҳаво 29 – 34 дараҷа гарм мешавад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона ҳарорати ҳаво ба 28 – 33 дараҷа расида, дар кӯҳсор борони сахт шуда, шояд жола борад.Дар қисми ғарбии ВМКБ ҳаво 20 – 25 дараҷа ва дар Шарқи он 10 – 15 дараҷа гарм мешавад.Дар Душанбе ҳаво то 28 — 30 дараҷа гарм шуда, сар аз 7 июн гармии ҳаво ба 37 – 39 дараҷа мерасад.

Июнь 5, 2013 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш