Иҷлосияи ММ МО ҶТ даъват шуд

Июнь 17, 2013 14:45

Душанбе, 17 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 4 июли соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори марбута ба тасвиб расонд. Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мавриди баррасии аъзои Маҷлиси миллӣ қарор мегирад. Интизор меравад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ва дигар қонунҳою санадҳои ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар матраҳ хоҳанд кард.

Июнь 17, 2013 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш