ИДМ рушди моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Июнь 3, 2013 08:59

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Рӯзи 11-уми июни соли равон дар маҷмааи Душанбе-Плаза бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар бахшида ба 20-умин солгарди Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот конфронси минтақавӣ баргузор мешавад.Ҳамчунин рӯзи 12-уми июн дар назар аст, дар маҷлисгоҳи калони вазорати мазкур муаррифии лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» баргузор шавад.Гуфта мешавад, ки дар кори конфронс мутахассисони соҳа аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) иштирок мекунанд.

Июнь 3, 2013 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш