Ифтитоҳи қасри боҳашамати варзишӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»).- Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якқасри боҳашамати варзишӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, сохтмони он бо ҳидояти Президенти кишвар моҳи апрели соли 2012 шуруъ шуда буд.Масоҳати умумии Қасри варзиш 8300 м/кв буда, толори асосии он дорои 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Толорҳои варзишиии ин қаср ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дорои имконияти ба роҳ мондани мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, бокс, волейбол, баскетбол, акробатика, гимнастикаи варзишӣ ва бадеӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо, камарбандӣ, гӯштингирӣ, гандбол, футзал, бадминтон, шашка, шоҳмот, каратэ, якҳарбаи шарқӣ, теннис, тенниси рӯи миз ва амсоли инҳо мебошад.Тавре аён гардид, қасри варзиш аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он толорҳои калони варзишӣ барои бозиҳои гуногун, маҷлисгоҳ, толори қабули меҳмонони расмӣ, утоқҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи дуюм толорҳои машқӣ барои намудҳои бокс, дзюдо, гӯштин, тенниси рӯи миз, шашкаву шоҳмот утоқҳои корӣ, буфет ва ғайра мавҷуданд. Ошёнаи сеюм бошад, барои воситаҳои ахбори умум ва утоқҳои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги қасри варзишӣ суханронӣ намуда, аз авҷ гирифтани сохтмони иншооти гуногуни варзишӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар ва ба дастовардҳои баланд дар арсаи ҷаҳонӣ ноил гардидани варзишгарони тоҷик арзи хушнудӣ намуд.Дар яке аз толорҳои қасри варзиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 130 нафар кӯдакону наврасоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳамин тариқ то имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҷмӯъ ба 787 нафар ятимони бе падару модар кӯмаки моддии Президенти кишвар расонда шуд. Бояд таъкид дошт, ки ин амал дар доираи иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар иҷро мегардад. Тавре аён мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ин нишондоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешсафу ибратомӯз аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






