Ифтитоҳи хатҳои нави интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Июнь 19, 2013 09:25

Душанбе,19 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- 18-уми июн маросими расмии ифтитоҳи хатҳои нави интиқоли барқ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир шуд, ки дар он намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Хазинаи Оғохони ИМА ва ширкати «Помир Энерҷӣ» иштирок намуданд.Хатҳои нави интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аҳолии вулусволӣ (ноҳия)-и Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро бо барқ таъмин мегардонад. Гуфта мешавад, ки USAID тавассути барномаи минтақавии таъмини амнияти энергетикӣ, самаранокӣ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ (RESET) барои кашидани хатҳои фаромарзии интиқоли барқ ба деҳаи Виёди ноҳияи Шуғнон ва ду деҳаи хурди Саричашмаи Афғонистон — Тижмой ва Пидруд 785 ҳазор доллари ИМА ҷудо намудааст. Ин тасмимро хонум Кейти Макдоналд, роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи хатҳои нави интиқоли барқ иброз дошт.

Июнь 19, 2013 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст